
3 ноябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe», мизи мудаввар таҳти унвони «Афзалиятҳои Тоҷикистон дар доираи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) ва муаррифии сеюм Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (NDC 3.0)» баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии самтҳои афзалиятноки сиёсати иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муаррифии ҳадафҳо ва уҳдадориҳои миллии кишвар дар доираи NDC 3.0 барои давраи то соли 2035 мебошад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар масъалаҳои андешидани тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва такмили механизмҳои татбиқи уҳдадориҳои миллии иқлимӣ баррасӣ мегарданд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи иқлим, таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ (NAP) ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Чорабинӣ барои баррасии қадамҳои минбаъда ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иқлимии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар арафаи COP31 замина фароҳам меорад.
https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/9837?lang=tg
