Ҳаракати дастаҷамъонаи созанда барои муҳити зисти солим

Ҳаракати дастаҷамъонаи созанда барои муҳити зисти солим

Дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва Барномаи давлатии кабудизоркунӣ, инчунин ба муносибати эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, инчунин раисони шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун иштирок варзида, бо сокинон ва фаъолони маҳаллӣ ҳамсуҳбат шуданд. Зимни баргузории маърака аҳаммияти иқдоми мазкур дар беҳтарсозии вазъи муҳити зист, афзоиши масоҳати сабзазорҳо ва зебо гардидани маҳалҳои аҳолинишин таъкид карда шуд.

Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар се шаҳру ноҳия дар маҷмӯъ зиёда аз 2300 бех дарахт шинонида шуд, аз ҷумла: дар шаҳри Ваҳдат – 800 бех, дар ноҳияи Файзобод – 1000 бех дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва дар шаҳри Роғун – 500 бех.

Масъулин таъкид намуданд, ки нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, ҷиҳати таъмини нашъунамои босифати онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Маъракаи мазкур ба як ҳаракати дастаҷамъонаи созанда табдил ёфта, сокинон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар ободонӣ ва сабзгардонии маҳал саҳми арзанда мегузоранд. Ин гуна иқдомҳо ба ташаккули фарҳанги экологӣ ва ҳифзи муҳити зисти кишвар мусоидат менамоянд.

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/4509?lang=tg

Scroll to Top