Семинари ҷамъбастӣ оид ба банақшагирии миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

Семинари ҷамъбастӣ оид ба банақшагирии миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим

28 октябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон семинари ҷамъбастии лоиҳаи «Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ барои Тоҷикистон» баргузор гардид. Лоиҳа бо маблағгузории Фонди иқлими сабз амалӣ гардид.

Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои таъмини амнияти экологӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина, зарурати ворид намудани масъалаҳои иқлимӣ ба банақшагирии давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҷалби маблағгузории иқлимӣ зикр шуд.

Дар семинар натиҷаҳои лоиҳа ва лоиҳаи Нақшаи амал барои солҳои 2027–2030 ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муаррифӣ гардиданд. Лоиҳаи Нақша 108 чорабиниро дар 13 самт пешбинӣ намуда, ба коҳиш додани осебпазирӣ ва баланд бардоштани устувории соҳаҳои иқтисодиёт, аҳолӣ ва экосистемаҳо равона шудааст.

Ҳамзамон масъалаҳои маблағгузории чораҳои мутобиқшавӣ, такмили низоми мониторинг, арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ, рушди омори иқлимӣ ва омода намудани мутахассисон баррасӣ гардиданд. Дастовардҳо дар таҳияи барномаи магистрӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва модулҳои омӯзиши электронӣ низ муаррифӣ шуданд.

Дар ҷамъбаст аҳаммияти идомаи ҳамкории Кумита бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд барои пешбурди афзалиятҳои миллии мутобиқшавӣ таъкид гардид. Ба назар гирифтани ниёзҳои ҷомеаҳои осебпазир, занон ва ҷавонон аз масъалаҳои муҳими ин раванд арзёбӣ шуд

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/9800?lang=tg

Scroll to Top