

Бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бо дастгириву ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, дар толори Сарраёсат тренинги омӯзишӣ байни омӯзгорони фанҳои география, биология ва экология оид ба ҳамгироии самараноки таҳсилоти марбут ба иқлим ба раванди таълим бо истифода аз маҷмӯаи «Сандуқчаи иқлимӣ» баргузор гардид.
Дар тренинг омӯзгорони фаъол аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, инчунин ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен иштирок намуданд. Дар раванди тренинг аз ҷониби мушовири миллӣ Владимир Кошеев ва эко-тренер, мутахассиси идоракунии ҳамгироии захираҳои об Дилрабо Шукрӣ, доир ба мавзуъҳои интерактивии таълимӣ оид ба тағйирёбии иқлим гузаронида шуд.
Иштирокчиён бо ҷанбаҳои мубрами тағйирёбии иқлим ва таъсири онҳо ба минтақа ва муҳити атроф шинос шуда, инчунин восита ва методикаҳои амалӣ, аз ҷумла истифодаи «Сандуқчаи иқлимӣ»-и навшуда, муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон масъалаҳои ҳамгироии мавзуъҳои иқлимӣ ба дарсҳои мактабӣ ва фаъолияти беруназсинфӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ташкили чунин тренингҳо барои ташаккули маърифати экологӣ, дарёфти маълумоти муфассал оид ба тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири интерактивии таълим байни мактаббачагон мусоидат менамояд. Баргузории чунин чорабиниҳо бо ҷалби теъдоди бештари омӯзгорон дар назар аст.
https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/4429?lang=tg
