Аксияи экологии «Тозагии маҳал» – саҳми ҷавонон дар ободонии шаҳри Бохтар

Аксияи экологии «Тозагии маҳал» – саҳми ҷавонон дар ободонии шаҳри Бохтар

Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон аксияи экологии «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Ҳадафи ин иқдоми муҳими ҷамъиятӣ тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр, ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ба корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мебошад.

Дар ҷараёни аксия гурӯҳи эковолонтёрон ва ҷавонони фаъоли шаҳр бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ба тозакунии кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои ҷамъиятӣ, шоҳроҳҳо ва гирду атрофи онҳо машғул гардида, партовҳои маиширо ҷамъоварӣ намуда, муҳити атрофро тозаю озода карданд.

Ҳамзамон, дар доираи аксия корҳои фаҳмондадиҳӣ низ ба роҳ монда шуд. Эковолонтёрон сокинонро ба риояи қоидаҳои тозагӣ, пешгирии ифлос намудани кӯчаву хиёбонҳо, манбаъҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ даъват намуданд.

Scroll to Top