Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батори Муғулистон

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батори Муғулистон

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси 17-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD COP17), ки аз 17 то 28 августи соли 2026 дар Улан-Батор, Муғулистон баргузор мешавад, иштирок мекунад.

24 августи 2026 маросими расмии ифтитоҳи COP17 бо иштироки Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад ва Котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ Ясмин Фуад баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок ва суханронӣ намуда, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаҳои пиряхҳо, иқлим ва ҳифзи захираҳои об таъкид кард.

Дар суханронии худ, ӯ инчунин зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавиро барои мубориза бо таназзули замин, биёбоншавӣ ва хушксолӣ таъкид карда, робитаи байни ин равандҳо ва тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва устувории экосистемаро қайд кард.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои муҳими оби ширин, истифодаи оқилона ва устувори захираҳои об, барқарорсозии заминҳои таназзулёфта ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои Тоҷикистон, ҳамчун кишвари кӯҳистонӣ ва яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо аҳамияти хоса доранд.

Иштироки Тоҷикистон дар COP17 барои пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва минтақавӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба дар идоракунии устувори замин, баланд бардоштани устуворӣ ба хушксолӣ ва тағирёбии иқлим ва барқарорсозии экосистемаҳои таназзулёфта равона шудааст.

COP17 платформаи муҳимро барои рушди минбаъдаи муколамаи байналмилалӣ ва ёфтани роҳҳои ҳалли амалӣ дар барқарорсозии замин, идоракунии устувори захираҳои табиӣ, баланд бардоштани устувории хушксолӣ ва тақвияти робитаи замин-об-иқлим фароҳам меорад

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/8379?lang=tg

Scroll to Top