Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера

Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера

 

Д

Дар толори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034» баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷимҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромад Раҳмонзода Лоиқ таъкид дошт, ки маҳз 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”-ро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера ба мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ тавассути ба роҳ мондани тадқиқот ва мониторинги илмӣ алоқаманд буда, талошҳои рушди устуворро дар ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва пешгирии тағйирёбии иқлимро дар криосфера дар бар мегирад.

Дар асоси натиҷаҳои гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо то соли 2050 сеяки пиряхҳо аз байн мераванд.

Бинобар ин, дар ин қатънома аз тамоми кишварҳои узви СММ, даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолиятҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ табодули таҷриба ва донишҳо ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, дар он бо такя “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025” ки қаблан бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он мусоидат намуд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфераро ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” муҳим арзёби намуда, аз нақши боризи кишвар дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бо кишварҳои узви СММ омодагии худро барои ҳамкорӣ дар доираи татбиқи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” иброз менамояд.

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/8498?lang=tg

Scroll to Top