Нақши ҷавонони кишвар дар таблиғи ташаббусҳои глобалии обу иқлими Пешвои миллат

Нақши ҷавонони кишвар дар таблиғи ташаббусҳои глобалии обу иқлими Пешвои миллат

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об 22 март бо ташаббуси Кумитаҳои ҳифзи муҳити зист ва кор бо ҷавонон ва варзиш дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои олии кишвар Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряҳо” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шукурзода Исфандиёр ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам иштирок ва суханронӣ намуданд.

Изҳор доштанд, ки хушбахтона имрӯз бо пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суботу амният, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати кишвари сулҳдӯст ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мешиносад ва эҳтиром мегузоранд. Воқеан, саҳму ибтикороти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва такмили низоми муносиботи байналмилалӣ барҷаста буда, шаҳодати гиромидошти илми муосири тоҷик дониста мешавад.

Ҳамзамон дар фарҷоми чорабинӣ дигар маърӯзакунандагони чорабинии мазкур оид ба масоили обу иқлим ва пиряхҳо баромад намуда, ёдовар шуданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.

Маҳз таҳдидҳои гармшавии глобалии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, дар баробари чаҳор ташаббуси глобалии марбут ба об, ҳамчунин ташаббуси навбатии худро вобаста ба масълаи ҳифзи пиряхҳо ба ҷомеаи ҷаҳон пешниҳод намоянд, то таваҷҷуҳи аҳли башарро ба хатари нестшавии захираҳои об ҷалб намоянд. Ҳамин аст, ки муҳим ва саривақтӣ будани ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, бахусус СММ бо иттифоқи оро қабул гардид.

Дар маҷмуъ, дар ин Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” баён ва натиҷагирии илмӣ карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаи глобалии об ва иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пешниҳод намудааст, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус обшавии пиряхҳо ва кам шудани захираҳои об аз ин ҳисоб дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷанбаи дигари ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, ин муаррифии сиёсати экологии кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад, ки он имкон дод, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба табиати сарсабзи Тоҷикистон, захираҳои зиёди об, пиряхҳои азим, инчунин имкониятҳои зиёди гидроэнергетикии кишвари мо ҷалб гардад.

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/5049?lang=tg

Scroll to Top