Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 9 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 доир гардид.
Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., иштирок дошта, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла мухбирони рӯзнома ва маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ» ва дигар рӯзномаҳо, оҷонсиҳои иттилоотии «Азия плюс», «Спутник», «Суғд-пресса» телевизионҳои МД ТВ «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Синамо», телевизиони вилояти Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Диёр», радиоҳои «Тоҷикистон», «Замон», «Пайванд», «Шаҳри ман», «Озодӣ», инчунин як қатор рӯзноманигорони мустақил, таҳлилгар, коршинос дар маҷмӯъ 42 нафар намояндагон иштирок доштанд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон вобаста ба ҷой доштани мушкилиҳои асосии экологӣ дар соли сипарӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, назорати ҳолати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ва фоизнокии сабзиш, шумораи дарахтони кӯҳансол дар миқёси вилоят ҳолат ва сабабҳои вайроншавии ҳавои атмосфера ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳифзи муҳити зист саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Тибқи нақшаи пешбинигардида, дар интиҳои нишасти матбуотӣ фаъолони икдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – одоби инсонист», ки аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят моҳи октябри соли 2025 эълон шуда буд, қадршиносӣ гардиданд.
Ба се нафар фаъолони иқдоми мазкур-хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия плюс» Фарзона Муродӣ, рузноманигори телевизиони «7-Ситора» Уғулой Раҷабова ва шаҳрванди шаҳри Хуҷанд Рухсора Маллаева туҳфа ва сипосномаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд супорида шуд.
Таъкид гардид, ки икдоми «Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – одоби инсонист» бо мақсади иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар беҳдошти муҳити зист, пешгирии қонунвайронкунӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои ғайрирасмӣ партофтани партовҳои маишӣ, бе иҷозат буридани дарахтон ва дигар ҳолатҳои вайронкунии талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ташкил гардида, идома дорад ва ҳамаи онҳое, ки дар беҳбудии муҳити зист бетараф нестанд, метавонанд дар он иштирок намоянд.
https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/4096?lang=tg
