Пешсафии ҷаҳонӣ дар амал: Марҳилаи муҳим барои пиряхҳо ва кӯҳҳои мо

Пешсафии ҷаҳонӣ дар амал: Марҳилаи муҳим барои пиряхҳо ва кӯҳҳои мо

Пиряхҳо ва криосфера ҷузъҳои ҳаётан муҳими эко системаи зисти сайёраи мо мебошанд. Бо такя ба иқдомҳои «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ба пеш гузошт.

Дар иҷлосияи ҳафтуми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEA-7), ки аз 8 то 12 декабр дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения баргузор гардид, давлатҳои узв қатъномаро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» расман қабул карданд.

Дар ин қатънома натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба таври мушаххас зикр шудаанд, ки ин нақши Тоҷикистонро дар баррасии ин масъалаи муҳим дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам менамояд.

Қабули қатъномаи мазкур натиҷаи кушишҳои бефосилаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ тайи солҳои охир мебошад, ва муколамаи сатҳи баландро ба амалҳои мушаххаси ҷаҳонӣ табдил медиҳад.

Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ: кишварҳоро ташвиқ менамояд, ки барои рафъи сабабҳо ва оқибатҳои обшавии пиряхҳо, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ, якҷоя фаъолият намоянд.

Баланд бардоштани нақши ҷомеаҳои маҳаллӣ: Аҳаммияти ҷомеаҳои маҳаллиро таъкид намуда, иштироки фаъоли онҳо ва истифодаи донишҳои анъанавиро дар маркази талошҳои ҳифзи пиряхҳо мегузорад.

Сафарбаркунии дастгирӣ: Бонкҳои рушди ҷаҳонӣ ва фондҳои бисёрҷонибаро даъват менамояд, ки захираҳои заруриро барои кӯмак ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати баланд бардоштани устуворӣ ҷудо намоянд.

Пайванди илм ва сиёсат: Гузаронидани таҳқиқоти навро барои беҳтар намудани робитаи байни илм ва сиёсатгузорӣ талаб мекунад, то ки амалҳои оянда ба маълумоти дақиқ асос гиранд.

Қабули ин санад ғалабаи муҳими рӯзномаи иқлим ва кафолати ояндаи устувори захираҳои обии сайёраи мо мебошад.

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/3358?lang=tg

Scroll to Top