Чорабинии канорӣ дар мавзуи «Амалисозии тадбирҳо дар низомҳои агроозуқаворӣ баҳри ҳифзи гуногунии биологӣ»

Чорабинии канорӣ дар мавзуи «Амалисозии тадбирҳо дар низомҳои агроозуқаворӣ баҳри ҳифзи гуногунии биологӣ»

14 майи соли 2026 дар доираи Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) чорабинии канорӣ таҳти унвони «Амалисозии тадбирҳо дар низомҳои агроозуқаворӣ баҳри ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъсири ҷаҳонӣ дар доираи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ» баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ намояндагони давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои соҳавӣ ва коршиносони соҳаи муҳити зист ва кишоварзӣ иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода намояндагӣ ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии худ муовини якуми раиси Кумита қайд намуданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим, коҳишёбии гуногунии биологӣ, таназзули заминҳо ва камшавии захираҳои об аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳалли онҳо муносибати ҳамгиро ва ҳамоҳангшударо талаб менамояд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҳамчун масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва гуногунии биологӣ ва ҷалби маблағгузории иқлимӣ таъкид гардид.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар макони баргузории конфронс – «Кохи Сомон» павилион дар мавзуи пиряхҳо ташкил карда шуд, ки аз он ҳамарӯза иштирокчиёни конфронс боздид намуда, доир ба фаъолиятҳои Агентии обуҳавошиносии Кумита дар самти мониторинги пиряхҳо шинос шуданд.

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/6337?lang=tg

Scroll to Top