Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии занон баргузор гардид

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии занон баргузор гардид

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии занон баргузор шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба нақши чорабиниҳои занон дар ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва ҷалби ҷомеа ба ҳалли мушкилоти экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён зарурати тақвияти ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъкид намуда, оид ба роҳҳои баланд бардоштани саҳми занон дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ пешниҳодҳо ироа карданд.

Дар мақомоти ҳифзи муҳифзи муҳити зист занону бонувон мавқеи фаъол дошта, ҳамеша аз ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати мамлакат бархурдор буда, дар сафи мардон баробар кору фаъолият менамоянд.

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/4050?lang=tg

Scroll to Top