Муаррифии кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

🇹🇯 🍃 Муаррифии кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
📆 18.12.2025 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Нишасти мазкур бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва ҳамоҳангсозии филиали Тоҷикистонии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ баргузор гашт.
♻️ Чорабиниро муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки лоиҳаи мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат аз ҷумла, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 таҳия шудааст.
♻️ Инчунин қайд гашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17-уми сентябри соли 2025 зимни мулоқот бо кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити супориш доданд, ки лоиҳаи Кодекси экологӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шавад.
♻️ Вакилони Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олӣ Рустам Латифзода ва Амирзода Ориф оид ба моҳияти қабули лоиҳаи мазкур суханронӣ карда, зикр намуданд, ки қабули ин Кодекс имкон медиҳад, ки дар кишвар сиёсати ягонаи давлатии экологӣ бо назардошти равандҳои тағйирёбии иқлим, коҳиши гуногунии биологӣ, ҳифзи пиряхҳо, рушди иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ва ғайра таъмин карда шавад.
♻️ Дар рафти муҳокима намояндаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Убайдуллоҳ Ҳидоят ва директори филиали Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Муминзода Зебо қайд намуданд, ки таҷдиди назар ба қонунгузории соҳаи экологӣ имрӯз ногузир буда, амалишавии ҳарчӣ зудтари он барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва мустаҳкамгардии сиёсати давлатии экологӣ аҳаммияти калон дорад.
♻️ Дар қисамати мубоиҳисавӣ коршиносон ва таҳиягарони лоиҳа ба саволҳои иштирокчиёни мизи мудаввар ҷавобҳои мушаххас гардониданд.
🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱🌱
🔍🌿☘️
🔖Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Instagram (на русском) – https://www.instagram.com/tajnature.tj/
Twitter (English) – https://twitter.com/tajnature
Telegram (на русском) – https://t.me/tajnature
Facebook (Тоҷикӣ) – https://www.facebook.com/tajnature.tj
©️ Маркази Ахбори КҲМЗ / Центр экологических новостей КООС РТ
Scroll to Top