



6 августи соли 2026 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Дӯстӣ ва Ҷайҳун, инчунин мутахассисони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои болозикр, мутахассисон аз дастгоҳи марказии Кумита ва намояндагони ташкилоти Агроаксияи Олмон ва ташкилотҳои ҷамъиятии “Маркази экологии ҷавонон” ва “Замини хурд” чорабинии омӯзишӣ таҳти унвони “Муколамаи иқлимии ҷавонон” баргузор гардид, ки дар кори он муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Тиллоӣ Гулрухсор ва директори Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Бланка Робертс иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим дар замони муосир хеле саривақти буда, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ мегардад.
Зикр гардид, ки лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷавонони тоҷик дар деҳот ва шаҳрҳо барои ҳалли мушкилоти иқлим» ба фаъолсозӣ ва муттаҳид намудани ҷавонони Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим равона гардидааст. Ҳадафи дарозмуддати лоиҳа омода намудани ҷавонон ҳамчун пешбарандагони тағйироти мусбат ва саҳмгузорӣ дар татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030” мебошад.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ доир ба аҳамияти муҳим доштани “Харитаи роҳ” барои ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба фаъолиятҳои ҳифзи муҳити зист ва иқлим (барои солҳои 2026-2030), ки аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист омода гардидааст, баҳои баланд доданд.
Ҷавонони фаъол аз ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа доир ба чорабиниҳои амалинамудаашон дар сатҳи маҳал бо рӯнамо баромад намуданд. Баъди шунидани ҳар як рӯнамо саволу ҷавоб сурат гирифта, миёни иштирокчиён табодули назару андешаҳо ҷараён дошта, ҳайати иштирокчиён баргузории чорабинии мазкурро бо иштироки мутахассисони Кумита ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои тақвияти ҳамкориҳо натиҷабахш арзёбӣ намуданд.
https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/8104?lang=tg
