
21 июли соли 2026 дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Улан-Батори Муғулистон дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ҷиҳати густариш ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи соҳаи ҳифзи муҳити зист Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ ба имзо расид.
Роҳбарони давлатҳо натиҷаи музокиротро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар неку ояндадор маънидод намуданд.
https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/7775?lang=tg
