Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи “Green action”

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи “Green action”

Рӯзҳои 15–16 июни соли 2026 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷаласаи солонаи Гурӯҳи кории “Green action“-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЕСD) баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба рушди иқтисоди сабз, татбиқи сиёсати экологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои “сабз” ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.

Ҷаласаи мазкур барои мубодилаи таҷриба байни давлатҳои аъзо, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда, барои таҳияи пешниҳодҳо ва роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти рушди устувор мусоидат менамояд. Ҳамзамон, иштирокчиён имконият пайдо намуданд, ки таҷриба ва дастовардҳои худро дар самти иқтисоди сабз, идоракунии экологӣ ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим муҳокима кунанд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси Кумита Лоиқ Раҳмонзода иштирок намуда, дар суханронии худ қайд намуданд, ки Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар корҳои таҳлилии минбаъдаи OECD ва Гурӯҳи кории маблағгузории муҳити зист таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир мекунад.

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/7051?lang=tg
Scroll to Top