Дар Душанбе масъалаҳои баробарии гендерӣ баррасӣ шуданд.

Дар Душанбе масъалаҳои баробарии гендерӣ баррасӣ шуданд.

12 феврали соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Дастовардҳо ва чолишҳо дар раванди татбиқи сиёсати баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони парлумон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Исфандиёр Шукурзода бо маърӯза дар бораи нақши занон ва ҷавонон дар татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии соҳаи амнияти экологӣ баромад кард.

Иштирокчиён аҳамияти густариши иштироки занон ва ҷавононро дар таъмини рушди устувори кишвар таъкид намуданд.

https://egov.tj/site/nature-tjk/press/news/details/4225?lang=tg

Scroll to Top